- ғалаба
- [غلبه]а1. зафар, нусрат, пирӯзӣ, фатҳ, ғолибият; дастболоӣ, пешдастии бузург дар коре: ғалабаи қатъӣ; байрақи ғалаба байрақе, ки ба шарафи ғалаба афрошта мешавад; рӯзи ғалаба иди расмии мамлакатҳои дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Олмони фашистӣ ғалабанамуда, ки ҳар сол рӯзи 9уми май ҷашн гирифта мешавад; ғалаба кардан // ғалаба ба даст овардан зафар кардан, нусрат ёфтан, пирӯз гаштан (дар ҷанг, мубориза ва ғ.); ғолиб гардидан, дастболо шудан, зӯр баромадан (дар мусобиқа, зӯрозмоӣ ва ғ.)◊ хоб ғалаба кардан хоб зер кардан, хоб зӯр баромадан2. кит. мағал, ғавғо, ғирев
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.